ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Шабакаи хабари Эрон, дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ омадааст: Гуноҳи бузург ва нобахшудании як нашрияи фаронсавӣ дар иҳонат ба чеҳраи нуронӣ ва қудсии ҳазрати расули аъзам (саллаллоҳи алайҳи ва оли васаллам) бори дигар инод ва кинаи шароратбори дастгоҳҳои сиёсӣ ва фарҳангии дунёи Ғарб бо ислом ва ҷомеаи мусулмононро ошкор сохт.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Баҳонаи озодии баён барои маҳкум накардани ин ҷурми бузург, ки аз сӯи бархе сиёсатмадорони фаронсавӣ гуфта шуда комилан мардуд ва ғалат ва авомфиребона аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сиёсатҳои амиқан зидди исломии саҳюнистҳо ва давлатҳои истикбориро омили ингуна ҳаракатҳои душманона донистанд ва афзуданд: Ин ҳаракат дар ин бурҳаи замонӣ метавонад ба ангезаи мунсариф кардани зеҳни миллатҳо ва давлатҳои Ғарби Осиё аз нақшаҳои шуме бошад, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ барои ин минтақа дар сар доранд.
Ишон таъкид карданд: Миллатҳои мусулмон ба вижа кишварҳои Ғарби Осиё, зимни ҳифзи ҳушёрӣ дар масоили ин минтақаи ҳассос, бояд ҳаргиз душманиҳои сиёсатмадорон ва сардамдорони ғарбӣ нисбат ба ислом ва муслиминро фаромӯш накунанд.
Нашрияи фаронсавии Шорлӣ Эбедо ба тозагӣ бо дарҷи карикатураҳои тавҳиномез дар бораи расули гиромии ислом (с) хашми озодагон ва миллатҳои мусулмонро барангехтааст.
342/